Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ислом зидди исрофкорист

Ислом зидди исрофкорист

Рӯзи 11 феврали соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишкада вохӯрии намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯён дар мавзӯи «Таълимоти ислом доир ба сарфа ва сариштакорӣ» баргузор гардид.
Дар он сармутахассиси Кумитаи мазкур Абдураҳмон Мавлонов ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Сино Исматулло Саъдуллоев ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров кушода, қайд намуд, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур тавзеҳу ташреҳи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба танзими ҷашну маросимҳо буда, барои донишҷӯёни мо аз манфиат холӣ нест.
Баъдан Абдураҳмон Мавлонов бо овардани мисолҳо аз оёти Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ дар бораи куфр будани исроф, ифрот ва риёкорӣ сухан гуфта, таъкид кард, ки дини ислом бар зидди исроф ва зиёдаравист. Исрофкорӣ имрӯзҳо ба таври дигар зуҳур карда истодааст, яъне он маърака ва ҷашнҳое, ки аз рӯи қонун гузаронидани онҳо дар доираи оила иҷозат дода шудааст, ба монанди рӯбинон, гаҳворабандон аз тарафи бархе аз шаҳрвандон бо дабдаба ва хароҷоти зиёд гузаронида мешаванд. Ин нафарон барои худнамоишдиҳӣ ин маъракаҳоро меороянд, ҳол он ки метавон ин маблаѓро барои корҳои хайру савоб дар роҳи дастгирӣ кардани ятимону ниёзмандон сарф намуд.
Мавсуф ҳамчунин дар баромадаш ба ҷавонон мафҳуми «ҷиҳод»-ро шарҳ дода, хизмати волидонро ба ҷо овардан, илм омӯхтану некӣ кардан ва Ватанро обод намуданро беҳтарин ҷиҳод хонд.
Зимни баромадаш Исматулло Саъдуллоев бошад, иброз дошт, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ ва устувории ҳаёти иҷтимоӣ амали бениҳоят хайрро анҷом дод ва заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Мавсуф дар бораи омори қонуншиканиҳо ёдрас шуда, гуфт, ки дар ноҳияи Сино бархе аз шаҳрвандон барои риоя накардани қонуни мазкур дар соли 2014 53 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2015 95 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд, ки нигаронкунанда мебошад. Худи мардум бояд дарк намоянд, ки ин қонун барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.
Вохӯрӣ хеле пурмазмуну хотирмон гузашта, иштирокчиён барои худ бардоштҳои пурмаънӣ гирифтанд.


Машҳура Абдуллоева