Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паём-дастур барои ҷавонон

Паём-дастур барои ҷавонон

Санаи 10 феврали соли ҷорӣ дар донишкада бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт барои баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ бо донишҷӯён чорабинӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, н.и.т., дотсент Муллоҷонов А. иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳар фарди ҷомеа, алалхусус мо, омӯзгоронро зарур аст, то тамоми неру ва ҳастии худро равонаи он созем, ки насли имрӯза аз фарҳанги ғании динию миллии хеш огоҳ бошанд. Танҳо ба василаи доштани тафаккури баланди илмию фарҳангӣ мо метавонем ҷавононро ба роҳи дурусти интихоби марому мақсад раҳнамун созем. Ва онҳо аз ҳар гуна тақлидҳои кӯр-кӯрона дурӣ ҷӯянд.
Сипас устоди калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Аминзода Абдуҷаббор дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба ҳушёрии сиёсӣ, донишандӯзӣ ва доштани ҳисси баланди ватандӯстиву худогоҳӣ ҳидоят намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ барои кулли мардуми кишвар ва бахусус, ҷавонон чароғи раҳнамо ва дастур барои пешравӣ дар кору пайкорашон маҳсуб меёбад.


Хисрав Муҳиддинов