Хабарҳо

Баррасии самтҳои асосии Паём
Санаи 11 феврали соли равон дар донишкада ҷиҳати баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мизи мудаввар баргузор шуд.
Онро ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки мо мутахассисони соҳаи иқтисодиётро зарур аст, ки самтҳои иқтисодии Паёми имсоларо мавриди омӯзиш қарор дода, барои пешбурди сиёсати иқтисодии кишварамон саҳмгузор бошем.
Сипас Дилбар Қандиёрова, д.и.и., профессори кафедраи фанҳои назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи «Мақоми вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа дар Паём» маъруза намуда, зикр кард, ки масъалаи асосии дар Паём садодода ин рушди соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт мебошад. Барои ин, пеш аз ҳама, суръати саноатикунонии мамлакатро тезонидан зарур аст, то ки ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардонидани тавозуни савдои хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва васеъ намудани сарчашмаи дохилии даромади буҷети давлатӣ заминаи воқеӣ фароҳам меоварад, гуфт номбурда.
Нотиқи дигар Ғуломҷон Мирзоев, н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Тавсифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём» баромад карда, гуфт, ки вақте Паёми кунунии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехонем, ба хулоса меоем, ки он идомаи мантиқии арзишҳои ҷавҳарии санадҳои умдаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарназардошти таҳлили вазъи муосири ҷаҳон таҳрир гардидааст.
Чунон ки маълум аст, солҳои ахир Тоҷикистон татбиқи сиёсати «дарҳои кушода»-ро яке аз рукнҳои асосии сиёсати хориҷии худ эълон кардааст. Ин сиёсат маънои онро дорад, ки кишвари мо, дар сурати баробарӣ ва эҳтироми мутақобила, бо тамоми кишварҳои ҷаҳон омода аст ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро роҳандозӣ намояд. Татбиқи чунин сиёсат дар сурате амалӣ гардиданаш мумкин аст, ки дар ҷаҳон вазъи муносиб, мулоим ва шароитҳои мусоид вуҷуд дошта бошанд. Дар иртибот бо сиёсати дохилии кишвар, ки он ба таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди имконпазири соҳаҳои мухталифи иқтисоди ватанӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид баҳри кору зиндагии ҳар як нафар бошандаи кишвар, ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ, ки дар маҷмӯъ барои созмон додани давлати муосир равона карда шудааст, сиёсати хориҷӣ низ тарҳрезӣ карда мешавад, ки он барои таъмини омилҳои хориҷии расидан ба ин мақсадҳоро дар назар дорад. Бинобар ин сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон байни ҳамдигар дар робитаи мутақобилаи диалектикӣ амал карда, ба татбиқи ҳадафҳои созанда равона карда шудаанд, ёдовар шуд Мирзоев Ғ.
Дар охир қайд гардид, ки барои беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, моро зарур аст, ки дар кишвар мактабҳои тахассусиро бо таълими забонҳои хориҷӣ, алалхусус забони русӣ ташкил намоем, то ин ки шаҳрвандон дар ин мактабҳо таҳсил карда, касбҳои гуногун ва забони кишварҳои хориҷиро аз бар намуда, пасон ба хориҷа барои кор раванд.
Хисрави Муҳиддин