Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Курсҳои тайёрӣ дар ДМИТ амал доранд

Курсҳои тайёрӣ дар ДМИТ амал доранд

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон қабули довталабонро ба курсҳои тайёрӣ ба мавсими қабули соли таҳсили 2016-2017 эълон мекунад. Курсҳои тайёрӣ дар назди Парки инноватсионию технологии Донишкада ташкил шуда, бо заминаи бузурги моддию техникӣ ва профессорию омӯзгории донишкада таъмин карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини тафреҳ ва азхуднамоии осони маводи таълимӣ гурўҳҳо аз теъдоди маҳдуди шунавандагон иборат буда, машғулиятҳо дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир гузаронида мешаванд. Ҳамзамон рељаи мувофиқи иштирок барои шунавандагон таъмин карда мешавад. Баъди хатми курсҳо довталабон метавонанд имтиҳонҳои марказонидашудаи қабулро дар Маркази миллии тестӣ аз ихтисосҳои дилхоҳи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бомуваффақият супоранд.
Дарсҳо дар курсҳои тайёрӣ дар басти дуюм, аз соати 14-00 оғоз гардида, рӯз дар миён – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъаи ҳар ҳафта баргузор мешаванд. Теъдоди фанҳои таълимӣ тибқи таснифоти Маркази миллии тестӣ бо қисми “В” – и кластери 2-юм мувофиқ буда, аз фанҳои математика, география ва забони хориҷӣ (забони англисӣ) иборат аст. Ҳар ҳафта шунавандагон дар зарфи 4 соат математика, 3 соат забони англисӣ ва 2 соат география меомӯзанд.
Аз фанҳои мазкур устодони соҳибтаҷриба ва донишманд, ки масъулияти баланд дошта, ба шунавандагон ғамхору хайрхоҳанд, дарс мегӯянд. Гузашта аз ин, сатҳи таълиму тарбия дар курсҳои тайёрӣ пайваста дар мадди назари роҳбарияти донишкада қарор дорад.
Курсҳои тайёрӣ то охири моҳи майи соли ҷорӣ фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон дар назди Парки инноватсионию технологии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон қабули шунавандагон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва варзишии зерин идома дорад:


Номгӯйи курсҳо

Давраи омӯзиш (моҳ)

Курсҳои тайёрӣ барои мавсими қабули соли таҳсили 2016-2017

Декабр - май

Баҳисобгирии муҳосибӣ барои навомӯзон

1

1С Бухгалтерия 7.7

1

1С Бухгалтерия 7.7 (савдо+анбор)

1

Баҳисобгирии муҳосибӣ барои музди меҳнат

1

1С музди меҳнат

1,5

Баҳисобгирии молиявӣ (МСФО)

2

Забони англисӣ

3

Забони русӣ

3

Асосҳои компютер

3

Математика

3

Таэквон-до

Доимӣ


Бар замми ин, Парки инноватсионию технологӣ қабули шунавандагонро ба курсҳои омӯзиши забони русӣ ҷиҳати гирифтани сертификати донандаи забони русӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Русия низ эътироф карда мешавад, эълон мекунад. Таҳсил дар ин курсҳо тибқи қарордоди пешакӣ бо ҷониби Русия ба роҳ монда шуда, барои омӯзонидан ва гирифтани имтиҳон аз шунавандагони курсҳо мутахассисон аз Федератсияи Русия даъват карда мешаванд.
Бо ин иқдом Парки инноватсионию технологӣ каме ҳам бошад, мушкили муҳоҷирони меҳнатиро осон ва онҳоро аз давутози зиёдатӣ озод мекунад. Дар ҳолати бомуваффақият супоридани имтиҳон ва соҳиб шудан ба сертификат онҳо озодона метавонанд ба Русия рафта, ба мақомоти қайди давлатӣ ва иҷозатномадиҳӣ муроҷиат карда, барои фаъолияти минбаъдаи худ иҷозат бигиранд.
Дарсҳо бо пурра шудани гурўҳҳои таълимӣ оғоз мешаванд.
Шитобед! Теъдоди қабул маҳдуд аст!

Суроғаи мо: ш. Душанбе, шаҳраки Гипрозем, к. Нахимов, 64/14
Телефонҳо барои тамос : (+992) 917114454; (+992) 988680395.



Директори ПИТ Фаридулло Убайдуллоев