Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Истеҳсолот омили муҳимми рушди иқтисодиёт

Истеҳсолот омили муҳимми рушди иқтисодиёт

Санаи 10 феврали соли равон дар донишкада бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодӣ семинари илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Нақш ва мавқеи корхонаҳои хурд ва миёна дар шароити муосир» доир гардид. Декани факултет Фирӯз Насриддинов дар оғози чорабинӣ иброз дошт, ки гузаронидани ин қабил чорабиниҳои илмӣ барои боло бурдани савияи дониши донишҷӯён таъсиргузор хоҳад буд.
Баъдан муовини декан оид ба илм Шодиев Куҳзод дар мавзӯи мавриди назар маъруза карда, иброз дошт, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи олам исбот намудааст, ки дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалб ва сармоягузории соҳибкорони дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳимми пешрафти соҳаи иқтисодиёту саноат маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон донишҷӯи курси 3 Абдулҳаев М. дар мавзӯи «Муаммоҳои соҳибкории хурд ва миёна ва роҳи ҳалли онҳо» ва донишҷӯи курси 2 Шукурова Ҳ. дар мавзӯи «Саҳми бонувони соҳибкор дар рушди иқтисоди Тоҷикистон» маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир мудири кафедра Музаффаров Б. қайд намуд, ки Пешвои миллатамон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии кишварро амри зарурӣ ҳисобиданд. Чунки тараққӣ додани соҳаи иқтисодиёт аз истеҳсолот вобастагии калон дошта, дар кишвар шумораи корхонаҳои саноатиро бештар намудан ва маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол кардан омили асосии пешравист.


Хисрави Муҳиддин