Хабарҳо

Паём асос барои рушди иқтисодист
13.02.2016. Имрӯз дар донишкада бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва садорати факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ барои шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба донишҷӯён чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар оғози он декани факултет Попов Н. зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои зиёди хориҷӣ ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон барои равобит бо кишварҳои хориҷа сиёсати «дарҳои боз»-ро эълон кардааст, ки Пешвои миллат ин нуктаро дар Паём таъкид намуданд.
Сипас донишҷӯи курси 1-и ихтисоси иқтисоди ҷаҳон Нозанини Сорбон ва донишҷӯи курси 3-и фаъолияти иқтисоди беруна Эшонҷонова Соро, ки иштирокчии бевоситаи Паёми Пешвои миллат буданд, таассуроташонро роҷеъ ба ин маъракаи муҳим иброз доштанд.
Дар охир Содиқов М. мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ иброз дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад ва ин масъала низ дар Паёми имсола зикр гардид.
Хисрави Муҳиддин