Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шод гардонӣ ятими хастаро…

Шод гардонӣ ятими хастаро…

Эҳсонкорӣ ва дастгирии ятимону бепарасторон кори хайру савоб буда, дар ин бора Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд ва ин нуқта дар Паёми имсола низ бори дигар ёдрас шуд.
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ анъанаи саховатпешагӣ ва эҳсонкорӣ пайваста ба роҳ монда шудааст.
Ин навбат садорати факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ кори хайр кард. Санаи 13 феврали соли ҷорӣ намояндагони факултет ба тарбиятгирандагони хонаи кӯдакони №1 шаҳри Душанбе, ки дар умум 129 нафар кӯдакони аз 4 то 7 сола мебошанд, чорабинии хайриявӣ ташкил намуданд. Онҳо ба кӯдакон бозичаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва хӯрокворӣ бурда, бо иштироки намояндагони Маркази дилхушии кӯдаконаи «Мадагаскар» барояшон як базми дилнишини хотиравӣ ташкил карданд.
Аз ин чорабинӣ кӯдакон шоду масрур гардида, шеъру сурудхонӣ карданд. Сарвари ин муассиса Рукатмо Қаландарова ба ташкилкунандагон арзи сипос намуда, ба декани факултет Попов Н.А. сипоснома супорид.


Машҳура Абдуллоева