Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Волидон ба ДМИТ меоянд

Волидон ба ДМИТ меоянд

Аз рӯзи 13 феврали соли равон сар карда, мувофиқи ҷадвали тартибдодаи шуъбаи тарбия дар ҳамаи факултетҳо маҷлиси падару модарон гузаронида мешавад.
Ҳамин рӯз бо волидайни донишҷӯёни курсҳои 1, ихтисоси 1-25010801 гурӯҳҳои «А» ва «Б» и факултети ҳисобдорӣ ва омор маҷлис гузаронида шуд.
Дар ҷаласа эдвайзерони таълим ва тарбияи факултет Нуриддинов С. ва Қодиров Ҷ. ва сармутахассиси шуъбаи тарбия Давлатова М. баромад намуданд.
Дар баромадҳо аз тартибу интизоми донишҷӯён, риояи тартиботи дохилӣ, риояи либоси тавсиявӣ дар донишкада, фарҳанги муоширати муҳассилин сухан рафт. Ҳамчунин аз волидон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамеша бо масъулини донишкада ва кураторҳо дар робита буда, дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии миллии фарзандонашон саҳм дошта, беаҳамият набошанд. Зеро дар вазъи нобасомони ҷаҳони имрӯза ва авҷи фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷавононро боздоштан аз пайравӣ ба равияву ақидаҳои бегона ҳам рисолати оила ва ҳам вазифаи муассисаи таълимист.
Дар охир, бархе аз волидони донишҷӯён баромад ва барои пешравии фаъолият баъзе пешниҳодҳо карданд.


Машҳура Абдуллоева