Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тағйирот ба Қонуни асосӣ тақозои замон

Тағйирот ба Қонуни асосӣ тақозои замон

Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 16 феврали соли равон вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, чорабинӣ доир гардид.
Дар он Баҳриддинзода Субҳиддин, муовини аввали Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ - Рустам Қудратов, Лутфия Раҷабова ва Насиба Содиқова иштирок ва суханронӣ карданд.
Вохӯриро ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой кушода, қайд кард, ки ҳар як кишваре, ки рушд мекунад, зарурати дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои он амри воқеӣ мегардад, зеро замона тақозо дорад, ки меъёрҳои Қонуни асосӣ пайваста такмил дода шаванд.
Баъдан Баҳриддинзода С. ва Содиқова Н. дар бораи паҳлӯҳои асосии тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда маълумоти мушаххас доданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ин тағйиру иловаҳо барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо нигаронида шудаанд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Tagyir400.jpgҲамчунин зикр гардид, ки бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шуданд.
Дар вохӯрӣ тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.
Зимни баромадашон вакилони мардумӣ Қудратов Р. ва Раҷабова Л. бошад, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ истода гузашта, самтҳои иқтисодӣ ва соҳаи маорифро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд. Қайд гардид, ки дар Паём барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ тамоми чораҳо бояд андешида шаванд.
Бинобар ин аз ҳайати педагогиву донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки барои ба амал татбиқ намудани ин дастурҳо бояд бо баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дар амал татбиқ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони донишкада ва ҳамчунин бо мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ шудан саҳм гирифтан лозим аст.
Дар охир, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.


Машҳура Абдуллоева