Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Зарурати таъсиси ҳукумати электронӣ

Зарурати таъсиси ҳукумати электронӣ

Санаи 17 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи информатика дар донишкада мизи мудаввари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳукумати электронӣ» доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров суханронӣ карда, иброз дошт, ки ташкил кардани ҳукумати электронӣ вазифаҳоро ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳои мутақобила дар дохили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ дар асоси ҳуҷҷатгузории бекоғаз, инчунин таъмини татбиқи вазифаҳои идоракунии давлатиро дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бар мегирад.
Сипас Фариштамоҳ Гулова, корманди маҷаллаи электронии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баҳри рушд дар бораи таъсиси ҳукумати электронӣ ибрози андеша намуда, афзуд, ки ҳукумати электронӣ як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияҳои иттилоотӣ ҳарчи бештар истифода мешавад.
Маърузачиёни дигар профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ, д.и.т. Фахриддин Мирзоахмедов дар мавзӯи «Ҳукумати электронӣ: зарурат, мушкилот ва дастовардҳо» ва ходими пешбари илмии ИИД АИ ҶТ н.и.ф.м., дотсент Собиров М. дар мавзӯи «Расидан ба ҳукумати электронӣ ва идораи он» баромад карда, гуфтанд, ки татбиқи ҳукумати электронӣ ба тағйироти мусбӣ дар муносибатҳои ҳукумат бо тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла шаҳрвандон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони тиҷорат оварда мерасонад.
Дар охир қайд карда шуд, ки зарурати таъсиси ҳукумати электронӣ ин тақозои давру замон ва бо суръати кайҳонӣ рушд кардани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ буда, бояд тамоми зинаҳои идоракунии давлатиро аз ҳамкориҳои мутақобилаи байниидоравӣ то ҳамкориҳои мутақобилаи байни давлат ва шаҳрвандон азнавсозӣ кунад ва онро инкишоф диҳад.


Хисрави Муҳиддин