Хабарҳо

Интихоби беҳтаринҳо барои иштирок дар олимпиада
Аз таърихи 18 феврали соли равон дар донишкада даври интихобии озмуни донишкадавӣ барои иштирок дар озмун – Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзҳои 10-11 март доир мегардад, оғоз гардид.
Бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиатшиносӣ аз фанни биология-экология озмун гузаронида шуда, дар он 20 нафар донишҷӯ иштирок кард. Барои шаффоф гузаштани озмун комиссия дар ҳайати 5 нафар омӯзгорони босалоҳияти кафедра таъсис дода шуд.
Даври аввали озмун-олимпиада ба тариқи зайл ҷамъбаст гардид: бо гирифтани 58 хол ҷои якум насиби донишҷӯи курси 1, ихтисоси менеҷменти инноватсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Ҳабиби Саид гардид. Ҷои дувум насиби Мирзоҷонова Гашниз, донишҷӯи курси 1 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, ҷои сеюм – Мақсадҷони Абдураҳим, донишҷӯи курси 1, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва Файзов Сулҳиддин, донишҷӯи курси 1 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дониста шуд. Аз байни инҳо танҳо як нафар ҳуқуқи иштирок дар озмун-олимпиадаро дорад.
Бояд гуфт, ки озмун – Олимпиадаи донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 12 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ) баргузор мегардад.
Машҳура Абдуллоева