Хабарҳо

Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ
Рӯзи 19 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи менеҷменти молиявӣ дар донишкада конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ дар шароити иқтисодиёти хурди кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Ашурбой Солеҳзода, ректори ДМИТ дар кушодашавии конфронс ба кори он муваффақият хоста, қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронс дар асоси таҳлили назариявӣ ва амалии равандҳои маблағгузорӣ ва қарздиҳӣ ва таҷрибаи навгониҳои бозоргонӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва ҷараёни буҷетӣ асосёфта мусоидат намудан ба беҳтаркунии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, дар ДМИТ айни замон Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ» татбиқ мегардад, ки дар амалинамоии ҳадафҳои муҳимми ислоҳот дар самти мукаммалнамоии идораи молияи давлатӣ ва системаи омодамоӣ ва такмилдиҳии кадрҳои ин соҳа бо дастгирии кумаки техникии ИА мусоидат менамояд. Баргузории конфронси имрӯза низ натиҷаи амали ин лоиҳа ба шумор меравад, гуфт мавсуф.
Дар конфронс намояндагон аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, макотиби олӣ ва коршиносону олимони соҳа иштирок ва маърузаҳо карданд. Аз ҷумла Сироҷиддин Икромов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити буҳрони молиявӣ», Рустам Бобоев, директори КВД Маркази дастгирии муносибатҳои молиявии байнибуҷавӣ дар мавзӯи «Баамалбарории низоми иттилоотии идораи молияи давлатӣ», Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, д.и.и., профессори кафедраи таҳлили иқтисодии ДМИТ дар мавзӯи «Ташкили буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаҳои ташаккулёбии он», Беҳзод Ҷӯраев, мудири кафедраи хизматрасонии бонкии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар мавзӯи «Омилҳои ба харидории қурби пули миллӣ таъсиррасонанда (ҷабҳаҳои назариявӣ)» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Аз ҷумла Икромов С. дар бораи низоми бонкии ҷумҳурӣ дар шароити буҳрони молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ, қурби пули миллӣ, қатъ гардидани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, ташкилотҳои хурди қарзии басташуда, муаммоҳои дар низоми бонкӣ мавҷудбуда истода гузашт. Мавсуф аз ҷумла надоштани стратегияи ҷалби захираҳои даврозмуҳлат, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ, бо сабаби афзудани фоизи қарзҳо баланд будани маржаи фоизӣ, ба бозомӯзӣ ҷалб нашудани мутахассисон, номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳиро муаммоҳои асосии низоми бонкӣ хонда, барои беҳтар кардани корҳо тавсияҳои судманд дод.
Ҳамчунин дар баромадҳо гуфта шуд, ки нишондиҳандаи муҳимми иқтисоди бозаргонӣ ин некуаҳволии халқ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ аст, ки ба устувории низоми молиявӣ ва муомилоти пулӣ асос меёбад. Норасоии захираҳои молиявӣ дар сатҳи давлат ва корхонаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки буҳрони иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст. Барои аз ин буҳрон баромадан чораҳои солимгардонии вазъи молиявии давлатӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз, молия фишанги асосии танзимкунандаи давлатии иқтисодиёт шинохта шудааст. Идоракунӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар иқтисодиёти бозорӣ масъулияти хизматчиёни давлатиро афзун намуда, дар доираи молия ва баҳогузорӣ ташкил ва истифодабарии самараноки молияи давлатиро талаб мекунад.
Баъдан кори конфронс дар бахшҳои молия, қарз ва фаъолияти бонкӣ ва иқтисодиёт, идора ва менеҷмент идома ёфт. Дар он масъалаҳои нақш ва мақоми молияи давлатӣ дар низоми молиявии ҶТ, сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои баамалбарории он, устувории низоми андоз ҳамчун омили рушди иқтисодиёти миллӣ, роҳҳои такмилдиҳии маблағгузории буҷети давлатӣ, танзимкунии давлатии сиёсати пулию қарзӣ дар ҷумҳурӣ, самаранокии идоракунии қарзи давлатӣ ва роҳҳои паст кардани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва таҳлили илмӣ қарор гирифт.
Дар охир, аз рӯи тавсияҳои илман асосноки иштирокчиёни конфронс ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол карда шуданд.
Хабарнигор: Машҳура Абдуллоева
Аксбардор: Хисрав