Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷустуҷӯи эҷодӣ

Ҷустуҷӯи эҷодӣ

Санаи 18 феврали соли ҷорӣ маҳфили илмии «Ҷустуҷӯи эҷодӣ»-и кафедраи молия ва муомилоти пулӣ баргузор гардид.
Дар он донишҷӯи курси 3 Аминов Ҷомӣ дар мавзӯи «Фондҳои мақсадноки давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба мафҳум, намудҳо ва сатҳу нишондиҳандаҳои афзоиш ёфтани хароҷоти бахши хусусӣ ва буҷет ба ин соҳа дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки маҳз гузаштан ба усули маблағгузории мақсадноки иҷтимоӣ ва сарикасӣ имкон дод, ки вазъи соҳаи мазкур хубтар гардида, тамоми табақаҳои аҳолӣ ва гурӯҳҳои ниёзманд бо кумаки иҷтимоӣ ва дастгириҳои давлатӣ фаро гирифта шаванд.
Маърӯзачии дигар донишҷӯи курси 2 Наҷимов Аъзам оид ба мушкилот ва монеаҳои дар раванди таъсисёбии фаъолияти ниҳодҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ ҷойдошта ибрози андеша намуда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро пешниҳод кард.
Дар охири маҳфил роҷеъ ба мавзӯи баррасишаванда миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ин ба сайқал ёфтани дониши онҳо мусоидат мекунад.


Ахмедов Х

устоди кафедраи молия ва муомилоти пулӣ