Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ИДИ ҲОМИЁНИ ВАТАН

ТАҶЛИЛИ ИДИ ҲОМИЁНИ ВАТАН

Ба ифтихори 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли равон дар донишкада чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.
Ҷамъомади тантанавиро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки дар тӯли 23 сол Артиши миллии мо собит сохт, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи фазои орому осудаи кишвар маҳсуб ёфта, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушду такомул меёбад. 
Имрӯзҳо ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва поквиҷдонӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ кору фаъолият намуда, ҳамеша дар омодабошӣ нисбати бартараф кардани омилҳои манфӣ ва ғояҳои ғаразноки душманони миллат қарор дошта бошанд. Мо ҳамчун шаҳрванди кишвари маҳбубамон аз дастовардҳои Артиши миллиамон ифтихор намуда, нисбати ҷасорату қаҳрамонии ҳомиёни Ватан ба хотири амнияти кишвар ва сулҳу субот дар минтақа сари таъзим фуруд меорем, гуфт ректор. 
IHV4001.jpgСипас Сайидалӣ Ҳаитов, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанги донишкада дар мавзӯи «Артиши миллӣ бақои давлат» баромад карда, доир ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими сулҳу ваҳдати комили тоҷикон ва дигар ҷабҳаҳои ин ниҳоди низомии кишвар ба ҳозирин маълумоти мушаххас дод.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ чанд нафар собиқадорони ҷанги Афғонистон ва мақомоти қудратии кишвар ва устодони фаъоли донишкада, аз ҷумла Солеҳзода А.А., Шарипов Ҷ., Қурбонов Ҳ., Ҳаитов С., Ашӯров Н., Нозимов Ҳ., Зуҳуров М. бо медали 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ мукофотонида шуданд. Ҳамзамон Ахмедова З., Насриддинов Ф., ва Попов Н.А. бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин собиқадорони ҷанги Афғонистон бо фармоиши ректори донишкада бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар чорабинӣ озмуни байнифакултетии беҳтарин гӯшаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъбаст гардид. Бо гирифтани 178 хол факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷои якумро ишғол кард. Ҷои дувумро факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва шуъбаи магистратура бо ҳам диданд. Ҷои севум насиби факултети молия ва қарз ва факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ гардид. Ғолибон бо Дипломҳо мукофотонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳунарии донишкада бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ба аҳли нишаст саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва суруду рақсҳои дилнишини фарогири мавзӯи ватандӯстиро бо маҳорати баланд пешниҳод ва рӯҳи ҳозиринро болида сохтанд. Чорабинӣ дар фазои хушу болидарӯҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳусни анҷом пазируфт ва бояд гуфт, ки баргузории ин қабил маҳфилҳо садоқати ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан афзунтар мегардонанд.


Машҳура Абдуллоева