Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бардоштҳо аз Ҳиндустон

Бардоштҳо аз Ҳиндустон

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ITEC декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДМИТ Амрулло Нуралиев аз 18 январ то 26 феврали соли 2016 дар курсҳои банақшагирӣ ва идоракунии хизматрасонии аҳолии шаҳр дар Ҷумҳурии Ҳиндустон такмили ихтисос мегузарад.
Тавре Нуралиев А. иттилоъ дод, дар ин курсҳо 28 нафар намоянда аз 16 давлати дунё - Ветнам, Эфиопия, Фаластин, Гана, Гватемала, Бутан, Непал, Уганда, Нигерия, Малави, Кения ва ғайраҳо иштирок доранд.
Дар рӯзи аввали кушодашавии курсҳо ҳар як иштирокчии он Ватани худро муаррифӣ кард. Пас аз муаррифии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштироккунандагон барои ба саёҳат омадан ба кишвари мо афзуд.
Бояд гуфт, ки дарсҳо ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ сурат мегиранд ва ба иштирокчиёни курсҳои мазкур устодону профессорони пуртаҷриба дарс мегӯянд.
Аз суханони Нуралиев А. бармеояд, ки иштирокчиён дар давоми курси мазкур бо сохтмон ва меъмории шаҳрҳои Деҳлӣ, Ноида, Майсур, Бангалур ва Мумбай шинос шуданд. Инчунин, онҳо аз тарзи маҷмааҳои таърихӣ, ба монанди Тоҷмаҳал, Акшайдарҳам, Ҳумоюн дидан намуда, мақбараи Низомиддин ва Боғи Мирзоабдулқодири Бедил, шоира Зебунисо ва Амирхусрави Деҳлавиро зиёрат намуданд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд. Ҳамчунин аз тарзи сохтмон ва меъмории ҳозиразамон, ба мисли қароргоҳи Президент ва толорҳои маҷлисии вазорату муассисаҳо ошно шуданд.
Баъдан оид ба тарзи шаҳрсозӣ ва ҷойгиркунии бозорҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Чандигар ва Панҷоб дар амалия шинос шуда, дар маҷлиси Раёсати шаҳрдории шаҳри Чандигар иштирок ва дар бораи ҳамкориҳои оянда бо раиси шаҳр суҳбат доштанд.
Бояд гуфт, ки дар муддати будубош дар Ҳиндустон Нуралиев А. дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона ширкат намудааст, аз ҷумла рӯзи 22.01.2016 конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Бо ҷои зисти мувофиқ таъмин намудани аҳолӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои дохили шаҳрҳо» гузаронида шуд, ки номбурда дар он иштирок намуд.
Дар охир Нуралиев А. ба Раёсати донишкада, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва донишгоҳи HUDCO оид ба ҳамкориҳои дар амалия истифодашаванда барои мусоидат намудан ба ин сафар ва ба мардуми ҳинд барои меҳмоннавозиашон изҳори миннатдорӣ намуд.


М. Абдуллоева
М. Диловаров