Хабарҳо

Мавсими ниҳолшинонӣ оғоз гардид
Бо омад-омади фасли баҳор дар сар то сари кишвар мавсими ниҳолшинонӣ оғоз мегардад.
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин кори нек ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол бо ташаббуси раёсати донишкада барои боз ҳам ободу зебо ва сарсабз гардонидани саҳни ҳавлии ин боргоҳи илму маърифат кормандони маъмурию хоҷагидорӣ 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва 400 бех гулҳои ҳаррангаи мавсимӣ шинониданд.
Хисрав Муҳиддинов