Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши илмӣ доир ба муаммоҳои моделсозии макроиқтисодӣ

Ҳамоиши илмӣ доир ба муаммоҳои моделсозии макроиқтисодӣ

Рӯзи 26 феврали соли равон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ДМИТ конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои актуалии моделсозии макроиқтисодӣ ва дурнамои истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ» доир гардид.
Зимни кушодашавии ҳамоиш муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз дошт, ки бо назардошти муҳиммияти мавзӯи баррасишаванда моро зарур аст, ки муаммоҳои актуалии дар сатҳи макроиқтисодӣ мавҷудбударо бо истифодаи моделҳои макроиқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бартараф намуда, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳм дошта бошем.
Сипас, маърузаҳои пурмазмуни Мақсудҷон Собиров, н.и.ф.м., дотсент, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АИҶТ дар мавзӯи «Оиди як модели иқтисодӣ-математикӣ», Фахриддин Мирзоахмедов, д.и.и., профессори ДМИТ дар мавзӯи «Усули итератсионии таҳлили мувозинатии байнисоҳавии Леонтев» ва Манзура Кошонова, д.и.и., профессор, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии назди ДМИТ дар мавзӯи «Технологияи информатсионӣ ва пешрафти сармояи инсонӣ дар ҷабҳаи рушди иқтисодӣ» шунида шуд.


KMM4001.jpg

Гуфта шуд, ки дар замони муосир истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ имкон медиҳанд, ки натиҷаҳои таҳқиқот воқеиятро нишон диҳад. Бинобар ин шарҳи дурусти воқеаҳои иқтисодӣ дар шароити Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ мондани банақшагирӣ ва идоранамоии он мусоидат хоҳад кард.
Конфронс дар ду бахш: моделсозии математикию иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт идома ёфта, дар он масъалаҳои алоқамандии технологияҳои иттилоотӣ ва сармояи инсонӣ, методологияи таҳияи модели макроиқтисодӣ дар бахши саноат-ҳамчун танзими давлатии иқтисодиёти ҶТ, таҳлили эконометрикии соҳаи энергетика, таъсири модели иқтисодию математикии шарикии давлатию хусусӣ ба афзоиши ММД мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта шуд. 




Машҳура Абдуллоева