Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳкими робитаи оила ва мактаб

Таҳкими робитаи оила ва мактаб

«Мақсад аз даъвати волидон ба донишкада таҳким бахшидани равобити байни оила ва муассисаи таълимӣ мебошад», гуфт Нуриддинов С., эдвайзери таълими факултети ҳисобдорӣ ва омор дар маҷлиси падару модарони курсҳои 2 гурӯҳҳои «А» ва «Б» ихтисоси 1-25010803, курси 2 ихтисоси 1-25010801 ва курси 1 ихтисоси 1-25010814, ки рӯзи 27 феврали соли равон шуда гузашт.
Кураторони гурӯҳҳо Убайдов Ф., Абдуллоева М., Назаров А. дар бораи хониш, давомот, одобу ахлоқ ва рафтори ҳар як нафар донишҷӯи гурӯҳ маълумот дода, риояи қоидаҳои донишҷӯӣ, қоидаи дохилидонишкадавӣ, пӯшидани либосҳои тавсиявиро барои донишҷӯён ҳатмӣ дониста, аз тарафи волидон ҳам назорат шудани онҳоро гуфта гузаштанд. Ҳамчунин дар бораи муоширати толибилмон ва ба зери назорат гирифтани мукотиботи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ махсус қайд карда шуд.
Зимни баромадаш эдвайзери тарбия Қодиров Ҷаъфар иброз дошт, ки дар донишкада барои таълиму тарбияи дурусти толибилмон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои лингофонӣ ва доскаҳои электронӣ ва дигарҳо, ки аз онҳо бояд ҳар нафар самаранок барои нафъи  худ истифода барад.
Чанд тан аз волидони донишҷӯён низ ба сухан баромада, баргузории ин қабил ҷаласаҳо ва бо кураторон дар алоқаи доимӣ будани волидайнро маҳаки асосии таълиму тарбия дониста, барои пешравии кор чанд пешниҳоду тавсияҳо доданд.


Машҳура Абдуллоева