Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушди бозори фондӣ ва муаммоҳои он дар кишвар

Рушди бозори фондӣ ва муаммоҳои он дар кишвар

Рӯзи 26 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматнок семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рушди бозори фондӣ ва муаммоҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуда гузашт.
Дар он Наврӯз Ҳотамов, директори Департаменти ҶСК Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ва Толиб Султонов, сармутахассиси молиявии Биржа иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар баромадҳо асосан дар бораи фаъолияти ҶСК Биржаи фондии Осиёи Марказӣ, ҳадаф ва афзалиятҳои он ба ҳозирин маълумоти мушаххас дода шуд. Гуфта шуд, ки Биржаи фондии Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли 2015 таъсис дода шудааст, институти нави молиявии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда буда, ҳамчун платформаи ягона барои хариду фурӯши коғазҳои қиматнок маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии он ташаккули муҳити қулай, шаффоф ва боэътимоди сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ барои ширкатҳо бо шароитҳои муфид дар даври кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, манзур намудани таҷҳизоти навтарини технологӣ барои иштирокчиёни касбии бозори фондӣ, имконияти диверсификатсияи маблағҷудокунӣ ва иштирок дар савдо бо коғазҳои қиматнок барои сармоягузорон мебошад.
Муаммоҳои асосии рушди бозори фондиро дар паст будани дониши молиявии сармоягузорон ва аҳли ҷомеа ва кам будани худи сармоя донистанд.
Дар охир байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.


Машҳура Абдуллоева