Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши самтҳои ҳуқуқии паём

Омӯзиши самтҳои ҳуқуқии паём

Санаи 22 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ маҳфили “Ҳуқуқдони замони муосир” дар мавзӯи «Таҳлили ҷиҳатҳои ҳуқуқии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» доир гардид.
Дар оғози маҳфил Носиров Навоиддин қайд кард, ки Паёми имсола тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар гирифта, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварамон равона гардидааст.
Сипас донишҷӯёни курси 1 Файзов Алиакбар дар мавзӯи «Шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистидошта ва таҳлили ин масъала дар Паём», Маҳсиддинов Амирҷон дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Паём», Маҳмадалиев Файзулло дар мавзӯи «Баррасии масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Паём», Камолов Сомон дар мавзӯи «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баррасии он дар Паём» ва донишҷӯи курси 2 Сатторова Шаҳноза дар мавзӯи «Масъалаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун меҳвари асосии Паём» маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир қайд гардид, ки Пешвои миллат сиёсати давлатии ҷавононро яке аз меҳвари асосӣ дар Паёми имсолаашон қарор дода, онҳоро ба соҳибмаърифатӣ ва аз бар намудани илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ, забономӯзӣ, ҳисси ватандорӣ ва ифтихор аз арзишҳои давлатӣ ҳидоят намуданд.


Хисрави Муҳиддин