Хабарҳо

Имкониятҳои таҷрибавӣ омили тараққиёти менеҷменти кадрӣ
Санаи 27 феврали соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил масъалаҳои назария ва амалияи равандҳои вазъи низоӣ, заминаҳои илмию омӯзишии роҳҳои бартараф кардани мушкилиҳои муносибатҳои меҳнатӣ, роҳҳои пурсамари пешгирии низоъҳои меҳнатӣ барои иштирокчиён пешниҳод гардонида шуд.
Дар маҳфил маърӯзаи «Муаммоҳо ва усулҳои идоракунии вазъи низоӣ дар муассисаҳои таълимӣ: таҷрибаи Ҳиндустон дар тараққиёти стратегии менеҷменти кадрӣ» пешниҳод гардид. Баромадкунанда ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Мария Сорокина, ки 17 ноябр - 28 декабри соли 2015 дар ш. Деҳлии Ҳиндустон қарор дошт, аз натиҷаи сафари хидматиаш ҳисобот дод.
Чунонки Мария Сорокина дар баромади хеш иброз дошт, асоси ташаккули менеҷменти кадрӣ ва дуруст ба роҳ мондани идоракунии ин масъала дар Ҳиндустон ба роҳ мондани омӯзиш ва истифодаи моделҳои нави идоракунии низоъҳои меҳнатӣ мебошад.
Баромадкунанда бо назардошти вазъи бозомӯзии навигариҳои менеҷменти кадрӣ қайд намуд, ки ингуна вазъият ҷиҳатҳои омӯзиширо дорост. Дар ҷараёни сафарбарнамоии функсия ва вазифаҳои идоракунии кадрӣ дар Ҳиндустон ба назар мерасад, ки дар ин самт муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Сари ҳар қадам аз тарафи онҳо риояи баланди муносибати хайрхоҳона, якдигарфаҳмӣ, хоксории рафтору сару либос ба назар мерасид. Дар ҳамин асос баланд бардоштани мақоми менеҷменти кадрии замони муосир ва пеш гирифтани роҳҳои мукаммалгардонидашуда ба роҳ монда шудааст.
Ҳамин тавр, мавзӯи баҳс ба самте нигаронида шуда буд, ки ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи рушди муносибатҳои меҳнатии муассисаҳои таълимии кишвар бо дараҷаи сифатан нави пеш гирифтани дараҷаи бозсозиҳо, омӯзиши онҳо дар сатҳи байналхалқӣ алоқаманд баррасӣ гардид.
Дар музокира дотсентон Муқимов Қ, Буриева М, ҶумабоевХ , Маҳмадалиев Б иштирок намуданд. Бо мақсади минбаъд пеш гирифтани роҳҳои нави истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, ба эътибор гирифтани мушкилиҳои низоъҳои меҳнатӣ ва рафъи онҳо дар мавқеъгирии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии васеи дастовардҳои замони муосир дар ҷараёни меҳнатӣ андешаҳои худро баён карданд.
Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» пурмазмун ва аз нигоҳи истифодаи таҷрибаи пешқадам дар рушди идоракунии менеҷменти кадрии кишвар ҷолиб ва шавқовар гузашт.
н.и.и., дотсент Саъдихоҷа Маъдиев
котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»