Хабарҳо

Идоракунии қарзи давлатӣ
Бо чунин унвон рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулӣ семинари илмӣ доир гардид.
Дар он муаллими калони кафедра Ахмедов Хушбахт оид ба қонунгузорӣ, моҳият, мақсад ва таснифоти қарзҳои берунаи давлатӣ ва воситаю усулҳои идоракунии он баромад карда, зикр намуд, ки сабабҳои пайдоиши қарзи давлатӣ амри воқеӣ буда, он бо ҳадафу вазифаҳои дар худ доштаи давлат мувофиқ мебошад. Баҳодиҳӣ ва таҳлили ҳолати қарзи берунӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамаи он меъёрҳои гузошташуда пурра риоя гардида, имкон медиҳанд, ки маблағҳои ҷалбгардида барои бунёду азнавсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкили объектҳои ёрирасон мақсаднок истифода гарданд, гуфт номбурда.
Сипас декани факултет Шералиев Эмомалӣ ба музокира баромада, қайд кард, ки рушди иқтисодиёт бевосита аз самаранокӣ ва фаъолияти истеҳсолию хоҷагидории корхонаю ташкилотҳо ва малакаю тахассуси кормандони он вобаста мебошад.
Дар охир миёни иштирокчиён роҷеъ ба мавзӯи баррасишаванда саволу ҷавоб сурат гирифт, ки барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо мусоидат хоҳад кард.
Хисрави Муҳиддин