Хабарҳо

Дар Хатлон таваҷҷуҳ ба ДМИТ афзуд
Дар асоси фармоиши ректори ДМИТ аз 16.02.2016 таҳти №15/Р аз 22 то 29 феврали соли равон бо мақсади таблиғу ташвиқоти довталабон ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ноҳияву минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2016-2017 устодони таҷрибадор сафари хизматӣ доштанд.
Аз ҷумла, Носиров С.Ш., сардори шуъбаи табъу нашри донишкада, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон: Қӯрғонтеппа, Бохтар, Вахш, Сарбанд, А. Ҷомӣ, Ҷ. Румӣ, Ҷиликул, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ, Қумсангир, Хуросон, Носири Хисрав ва Ёвон сафарбар шуда буд, дар хусуси натиҷаҳои вохӯриҳояш бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар ин минтақа андешаҳояшро баён намуд.
Зимни сафари хидматӣ сараввал бо сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳокимхон Вализода ва кормандони раёсати мазкур вохӯрӣ анҷом дода, пасон бо мудирони шуъбаҳои маориф ва намояндагону аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо ташкил карда шуд. Носиров С.Ш. баробари оғози рӯзи корӣ ва саршавии дарсҳо асосан бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла литсейю гимназияҳо вохӯриҳо ва суҳбати озоду самимӣ кард. Ба хатмкунандагон маводи таблиғотии муаррифкунандаи ДМИТ, аз ҷумла рӯзномаи «Молия ва иқтисод» тақсим карда шуд.
Аснои гузаронидани таблиғу ташвиқот муаллимону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ихтисосҳои амалкунанда, сохторҳо ва умуман самти фаъолияти ДМИТ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баъди муаррифии донишкада хатмкунандагони макотиби шаҳри Қурғонтеппа, ноҳияҳои Бохтару Панҷ, Қумсангиру Ҷалолиддини Румӣ ва Ёвон дилпурона ихтиёри интихоби ДМИТ-ро карданд ва таваҷҷуҳ ба ин муассисаи таълимӣ афзуд. Пурсишҳои зиёди писарону духтарони хатмкунандаи ин муассисаҳои таълимӣ шаҳодати он буд, ки онҳо хостори дар ДМИТ идома додани фаъолияти таълимӣ ва мутахассиси соҳаи молия ва иқтисод шуданро доштанд.
Ҳамчунин бо раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ дар хусуси ҷалби кормандони раёсат ба ДМИТ бо мақсади гирифтани маълумоти 2-юм ва маълумоти соҳавӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.
Аз синфхона ва толорҳои пур аз хатмкунандагону муаллимон ва падару модарон мушоҳида мешуд, ки онҳо ба интихоби ихтисос ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бетафовут набуда, хушбин ҳастанд, гуфт Носиров С.Ш.
Машҳура Абдуллоева