Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«ҶИЛВАИ ҲУСН» ДАР ДМИТ

«ҶИЛВАИ ҲУСН» ДАР ДМИТ

Рӯзи 1 марти соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дастуру супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Фестивал озмуни «Ҷилваи ҳусн» баргузор гардид.
Дар он Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мукаррама Қаюмова, раиси ҳунармандони Осиёи Марказӣ, Соро Раҳимова, устоди Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Абдулло Давлатзода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино иштирок ва баромади донишҷӯёнро баҳогузорӣ карданд.
Зимни суханрониаш ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода қайд намуд, ки либос муаррифкунандаи миллат ва фарҳанги миллӣ буда, баргузории ин қабил чорабиниҳо барои баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии аҳли ҷомеа ва муаррифии арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.


JHD400.jpgДар фестивал-озмун донишҷӯдухтарони шаш факултет либосҳои кӯдакона, либоси ҳаррӯза, либоси маросимӣ, идона ва либоси расмиро бо истифода аз матоъҳои миллӣ дар мӯди муосир намоиш доданд. Дар ҳақиқат, намоишномаи ҳар як факултет диданӣ ва аз якдигарӣ беҳтару хубтар буда, ба аҳли нишаст ғизои маънавӣ бахшид. Дар ин ҷо ташаббуси донишҷӯён ва заҳмати шуъбаи тарбия ва эдвайзерони тарбияи факултетҳо бараъло ҳис мешуд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин духтарони дастаи ҳунарӣ суруди «Гулдӯзӣ»-ро бо истеъдоди баланд иҷро карда, барои иштирок дар даври сеюми фестивал-озмун роҳхат гирифтанд. Аъзои ҳакамон, ҳамчунин либосҳои беҳтаринро аз ҳамаи факултетҳои донишкада гулчин карда гирифта, барои дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзидан интихоб намуданд. Ҳамин тариқ, ду номераи пешниҳодгардидаи гулдухтарони ДМИТ дар сатҳи ҷумҳуриявии Фестивали «Ҷилваи ҳусн» намоиш дода мешавад.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин Фестивал-озмунҳо барои тарғиби либоси миллӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва эҳёи анъанаҳои қадима, пайдо кардани истеъдодҳои нав, муаррифии матоъҳои миллӣ ва ривоҷу равнақ бахшидани расму русумҳо роҳандозӣ шудааст.


Машҳура Абдуллоева