Хабарҳо

Имондорӣ бозгӯи ташаккули фарҳанги маънавист
Дар маҳфили навбатии «Фарҳангдӯст» масъалаи дин ҳамчун унсури ташаккулдиҳандаи фарҳанги маънавии инсон мавриди баҳс қарор гирифт. Дар он Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва бо маърузаи пурмазмун баромад кард.
Мавсуф, аз ҷумла қайд кард, ки масъалаи мубориза бо экстремизму терроризм ва суистифода намудани дини ислом дар ноҷӯриҳои ҷаҳони имрӯза дар сархати Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ қарор дошт. Бинобар ин чун яке аз омилҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон ин дониши пасти динии онҳост, зарур медонем, ки дар бораи баъзе масъалаҳои динӣ, ки ҷавононро ба раҳгумӣ мезанад, маълумот бидиҳем, гуфт Баротзода Ф. Ӯ асосан аз таърихи таҳаввулоти дини ислом ба ҳозирин маълумот дода, дар бораи пайдоиши мазҳабҳо, равияҳо, ҳизбҳои хусусияти экстремистидошта ва алоқамандии он бо ДИИШ, манфиатҳои иқтисодӣ ва геополитикии ҷанги Сурияву Ироқ, тафриқаандозии мазҳабӣ, воситаҳои мағзшӯии ҷавонон ва дигар масъалаҳои доғи рӯз, ки ба дин иртибот доранд, истода гузашт.
Баъдан Ғуломҷон Мирзоев, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва бунёдгузори маҳфил дар бораи масъалаи мавриди назар баромад карда, иброз дошт, ки мутаассифона, имрӯзҳо ҷавонон бештар ба масъалаҳои хурофотӣ таваҷҷуҳ доранд, ки он маърифати диниро ташаккул дода наметавонад. Имрӯз мо бояд чандон ба шунидаҳо бовар накунему бештар рӯ ба китоб биёварем, мутолиа кунем, он вақт имонамон мустаҳкам мегардад. Имондорӣ худ нишондиҳандаи ташаккули фарҳанги маънавист, гуфт Мирзоев Ғ.
Маҳфил басо рангину шавқовар гузашта, иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд ва метавон гуфт, ки аз бисёр масъалаҳои динии барояшон норӯшан огаҳӣ пайдо карданд.
Машҳура Абдуллоева