Хабарҳо

Мавқеи устувор бояд дошт
Бо мақсади пешгирии қонунвайронкунии ҷавонон тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи тарбия рӯзи 3 марти соли равон вохӯрии намояндагони мақомоти қудратӣ бо донишҷӯёну устодони донишкада доир шуд.
Дар он Аҳмадхуҷа Давлатов, раиси гурӯҳи «Пешоҳанг»-и назди ВКД ҶТ, Аслиддин Хушвақтов ва Мардихудо Давлатов, узви гурӯҳи мазкур, Сафармад Кабиров, сардори минтақаи №19 ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, Шавкат Маҷидов, муовини сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, Баҳрулло Бобоев, муовини сардори шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ва як қатор нозирони минтақавӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни баромадаш Давлатов А. симои аслии ифротгароён ва ҳадафҳои асосии онҳоро тафсир дода, афзуд, ки дар вуҷуди ифротиён чанд сифати ҳайвонӣ дида мешавад, чун маккорию бераҳмӣ, ки онҳо на ба падару модар, на ба фарзанд ва на ба Ватан раҳм надоранд. Онҳо аслан ҳадафи коштани тарсу ваҳм ва халалдор кардани суботу оромии мамлакатҳои мусалмоннишинро доранд, гуфт мавсуф.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки омили асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ин паст будани маърифати диниву дунявии эшон, бетарафӣ ва мавқеи устувор надоштан аст.
Аслиддин Хушвахтов бошад, соҳиби ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ахлоқи умумиинсонӣ, тахассуси доимо ташаккулёбанда ва созандагиро хусусиятҳои асосии ҷавони муосир дониста, ҳозиринро ба доро будан ба ин хислатҳо ва ба садоқату матонат ва ҷасорату масъулиятшиносӣ ва донишомӯзӣ даъват кард.
Дар охир, донишҷӯён бо чанд суол ва пешниҳод баромад карданд.
Машҳура Абдуллоева