Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шукӯҳи Рӯзи модар дар ДМИТ

Шукӯҳи Рӯзи модар дар ДМИТ

5 март дар донишкада ба муносибати Рӯзи модар маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Онро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ намуда, бонувону модарон, кормандон ва донишҷӯдухтарони донишкадаро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуд. Ӯ, аз ҷумла иброз дошт, ки дар рӯзҳои нахустини фасли баҳори нозанин таҷлил гаштани Рӯзи модар фоли нек буда, модар ва баҳор муродифи ҳамдигар ва сабаби сарсабзии зиндагии ҳар яки мост.
Чӣ тавре, ки ректори донишкада афзуд, дар донишкада 80 нафар омӯзгор аз ҳисоби занҳо фаъолият мебаранд, ки аз инҳо 4 нафарашон доктори илм ва 14 нафар номзадҳои илм мебошанд. Шумораи умумии донишҷӯдухтарон бошад, беш аз 1300 нафар буда, 40 нафар духтар тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.
Аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Раёсати донишкада ба устодону кормандон - бонувони фаъол Заррина Давлатшоева, Мавҷуда Давлатова, Фотима Қодирова, Садбарг Саидаҳмадова, Таҳмина Қосимова, Мавзуна Ҳакимова, Маҳина Азизова, Мавҷуда Ҳайдарова, Рухсора Шарифова, Гулчеҳра Сафарова ва Қумриниссо Раҳимова ифтихорнома супорида шуд.
TRM4001.jpgҲамчунин озмуни «Қироати шеър», ки ба муносибати Рӯзи модар баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва ба онҳо дипломҳо супорида шуд. Дипломи дараҷаи 1 ба факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор, молия ва қарз, дипломи дараҷаи 2 ба факултетҳои муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва дипломи дараҷаи 3 ба факултетҳои иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва шуъбаи магистратура насиб гардид. Ҳамзамон донишҷӯи факултети ҳисобдорӣ ва омор Ҳилола Шукурова барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. 
Дар ҷаласаи тантанавӣ меҳмонон - корманди Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Гулистон Каримова ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино Муҳаррама Маҳмуродова иштирок намуданд.
Аз номи муаллимони собиқадори донишкада Бӯригул Содиқова - муаллимаи кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ суханронӣ намуда, аз номи ҳайати бонувони донишкада барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба раёсати ДМИТ изҳори сипос намуд. Инчунин, мутахассиси бахши тарбия Мубораки Назримад дар мавзӯи «Мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа» маъруза намуд. 
Бояд гуфт, ки бахши фарҳанги донишкада бо роҳбарии Ҷурамуроди Муҳаммадназар барномаи рангини консертиро доир намуданд, ки аз рақсу суруд, саҳначаю бадеҳа иборат буд ва хотири бинандагонро болида сохт. Дар барномаи фарҳангӣ донишҷӯён Манучеҳр Мирзозода, Аҳдияи Иброҳимзода, Рустам Атоев, Зебо Назриева, Дилнора Амонова ва дигарон иштироки фаъолона доштанд.


Насрулло Тӯйчизода