Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи дарҳои кушод дар ДМИТ

Рӯзи дарҳои кушод дар ДМИТ

Аз 4 то 10 марти соли равон дар донишкада бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари довталабон «Рӯзи дарҳои кушод» доир гардид. Ба иттилои Меҳтар Содиқов - котиби масъули комиссияи қабули соли таҳсили 2016-2017 дар ин маърака муҳассилин - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Ба довталабон гӯшаи махсус таъсис дода шуда, садорати факултетҳо дар бораи ихтисосҳои мавҷудбуда маълумоти лозима пешниҳод намуданд. Барои ҷалби довталабон ба ин маърака кормандони факултетҳо ва пахши эълон дар воситаҳои ахбори омма мусоидат намуд. Довталабон бо ҳамаи шароитҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, хобгоҳ, толорҳои варзишӣ ва ошхона дидан карданд.
Тибқи нақша имсол донишкада ҳудуди ҳазор нафар донишҷӯро ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабул менамояд. Таҳсилот дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистр, доктор pHD, маълумоти дуюми олӣ, аспирантура ва докторантура роҳандозӣ мешавад. 
Қобили зикр аст, ки имрӯз донишкада аз рӯи беш аз 37 ихтисос мутахассис омода месозад, ки бозори меҳнат воқеан ба чунин мутахассисон ниёз дорад. Соли ҷорӣ боз як ихтисоси дигар - иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ ба ин рӯйхат илова шуд.


Насрулло Тӯйчизода