Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи модар дар хобгоҳ

Таҷлили Рӯзи модар дар хобгоҳ

4 марти соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи тарбия дар хобгоҳи №1 ва 2-и донишкада маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модар доир гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой ва муовини ректор оид ба тарбия Ахмедова Зулфия иштирок намуда, тамоми донишҷӯдухтаронро ба муносибати иди бонувон ва омад-омади фасли зебои сол баҳори хуҷастапай табрику таҳният гуфта, дар таҳсил ва фаъолияти минбадаашон бурдбориҳо таманно намуданд.
Сипас донишҷӯён бо барномаи рангини ҳунарӣ, ки аз қироати шеър дар васфи модар ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ иборат буд, табъи ҳозиринро болида гардониданд.


Хисрав  Муҳиддинов