Хабарҳо

Кадрҳо муаррифгари диёранд
10.03.2016. Толори ДМИТ. Басо рамзист, ки дар арафаи иди баҳор, Наврӯзи хуҷастапай суҳбату вохӯриҳои роҳбарони ҳукуматҳои ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯёне, ки аз ҳамин минтақаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе таҳсили илм менамоянд, сурат мегирад.
Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо донишҷӯёни ин диёри хушманзара як суҳбати самимӣ ҷараён гирифт, ки дар он раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Олимҷон Салимзода ва Нурулло Оқилзода, адиб Мирзо Шукурзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Адаб» Шодӣ Шокирзода, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Лола Азизова, доктори илмҳои тиб Муҳаммадназир Расулов, доктори илмҳои таърих Сайфулло Муллоҷонов ва дигар намояндагони илму адаби ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Сароғоз ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, чунин вохӯрии судмандро, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон таъсири мусбӣ мерасонад, амали нек арзёбӣ кард ва афзуд, ки дар ин кохи маърифат низ намояндагони ин маҳали кӯҳистон таҳсили илм доранд ва бо хониши аъло ва интизоми намунавӣ худро муаррифӣ кардаанд.
Зимни баромадаш раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода иброз дошт, ки феълан аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 470 нафар дар макотиби олии кишвар таҳсил доранд, ки аз ин 137 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд. Тибқи квотаи президентӣ бошад, 140 нафар писарону духтарони ноҳия таҳсили илм доранд.
Дар соли 2015 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияро 307 нафар хатм карда, аз ин 110 тариқи ММТ назди Президенти ҶТ ва 22 нафар ба воситаи квотаи президентӣ ба макотиби олии кишвар дохил шуда, сарбаландона таҳсил доранд ва номи ноҳияро баланд мебардоранд.
Раиси ноҳия, ҳамчунин аз оилаҳои намунавӣ, ки дар таълиму тарбияи фарзандони бомаърифат ва некном ҳисса доранд, ёдрас шуда, зиёд шудани сафи ин қабил хонаводаҳоро дар рушду нумуи кишвар ва таълиму тарбияи ҷавонони баору номуси миллат нек арзёбӣ кард.
Дар вохӯрӣ инчунин дигар меҳмонон баромад карда, ҷавононро ба донишандӯзӣ, ташаббускорӣ, дӯст доштани Ватан, худшиносиву худогоҳӣ даъват карданд. Як нукта таъкид шуд, ки ҳар як маконро тавассути мардонаш ва кадрҳои он мешиносанд. Бинобар ин барои худ барнома ва ё ҳадафе бояд сохт, то ки ҳар рӯз чанд хиште ба кохи дониш зам шавад, гуфта шуд дар баромадҳо.
Аз номи муҳассилин Ниёзи Кишваршоҳ, магистри факултети филологияи тоҷики ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, Қиёмиддин Ёров, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарзи ДМИТ, Диловар Қозиев, донишҷӯи курси 3 ДМТ баромад карда, барои ташкили чунин вохӯрӣ ба мутасаддиён арзи сипос намуданд. Аз ҷумла яке аз донишҷӯён таклиф кард, ки дар ноҳия як муассисаи таҳсилоти умумӣ сирф бо таълими забони русӣ ва англисӣ кушода шавад, то ин ки ҷавонон имконияти омӯзиши бештари ин забонҳоро дошта бошанд.
Дар қиcмати фарҳангии чорабинӣ сарояндаи хушовоз Лола Азизова бо чанд суруди дилнишин табъи аҳли нишастро болида сохт. Ва ҳамчунин ҳаваскорони шуъбаи фарҳанги ноҳия ба ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш карданд.
Дар охир, ба ҳамаи донишҷӯёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 240 нафарро ташкил медоданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мукофотпулӣ супорида, хӯроки нисфирӯзӣ ташкил ва ба ғайр аз ин, ба он нафароне, ки дар хобгоҳҳои макотиби олӣ зиндагӣ мекунанд, маводи хӯрокворӣ супорида шуд.
Машҳура Абдуллоева