Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушди устувори хоҷагиҳои деҳқонӣ

Рушди устувори хоҷагиҳои деҳқонӣ

Рӯзи 1 марти соли равон бо ибтикори кафедраи омор семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Динамикаи инкишофи фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ» баргузор гардид.
Устоди калони кафедра Холов Рустам дар мавзӯи «Устувории хоҷагиҳои деҳқонӣ: ҷанбаҳои андозагирии макрооморӣ ва таҳлили ретроспективӣ» маъруза намуда, устувории хоҷагиҳои деҳқониро аз соли 2008 то ин ҷониб ва афзоиши мутлақи фаъолияти амалии онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод ва ҷанбаҳои андозагирии макроомории хоҷагидориро дар шакли таҳлили ретроспективӣ пешниҳоди ҳозирин гардонид.
Баъдан Дилшод Давлятов, донишҷӯи курси якуми ихтисоси омор дар мавзӯи «Вазъи кунунии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таҳлили омории он» баромад карда, бо овардани иқтибос аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суръати рушди истеҳсолоти соҳаи кишоварзиро бо рақамҳои расмии оморӣ, таҳлилу баррасӣ намуд.
Дар охир, миёни иштирокчиён роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, вобаста ба минтақаҳои алоҳида дар ВМКБ, Суғд, Хатлон, НТМ ва моҳияти хоҷагидории онҳо баҳсҳои муфид сурат гирифта, фикру ақидаҳои гуногун пешниҳод гардид.


Хисрав Муҳиддинов