Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили шеъру адаб

Маҳфили шеъру адаб

Ба ифтихори фарорасии Наврӯзи оламафрӯз бо ибтикори кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада маҳфили шеъру адаб бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ва шоирон Раънои Мубориз ва Алиакбар Сафаров баргузор шуд.
Дар он донишҷӯён аз эҷодиёти ин устодони сухан намунаҳо қироат карда, аз ҷашнгирии Наврӯз ва эҳёи чанд унсури наврӯзӣ, ба монанди чоршанбеи сурӣ саҳначаҳо намоиш доданд.
Чанд нафар донишҷӯёни навқалам – Нозанини Сорбон, Беҳрӯз Ҳасанов ва Фарзона Мирганова, ки шогирдони Ҷумъа Махшул, шоир ва устоди кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд, аз эҷодиёти худ шеърҳо хонданд ва аз тарафи устодони шеър баҳои сазовор гирифтанд.
Баъдан меҳмонон аз чакидаи хомаи хеш намунае чанд қироат карда, ба базми наврӯзӣ шукӯҳи хоса ворид сохтанд ва бо ин аҳли нишастро ба ваҷд оварданд.
Дар охир, ба суолҳои донишҷӯён дар бораи ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ҷаҳонишавии Наврӯз, эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ва дар бораи эҷодиёташон посухҳои мушаххас доданд.


Машҳура Абдуллоева