Хабарҳо

Бренд ҳамчун воситаи идоракунӣ
Рӯзи 10 марти соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷмент мизи мудаввар дар мавзӯи «Идоракунии низоми бренди корхона дар шароити муосир» доир гардид, ки дар он Елена Сатторова, директори генералии маркази захиравии «Satori group» иштирок ва дар мавзӯи «Бренд ҳамчун воситаи идоракунӣ» баромад кард.
Мавсуф мафҳуми бренд, тарзу усулҳои вазифаҳои идоракунии бренд-менеҷмент ва навъҳои онро, аз қабили бренди молӣ, хизматрасонӣ, шахсӣ, ташкилотӣ, ҷуғрофӣ ва бренди чорабиниҳоро ба ҳозирин шарҳ дод.
Гуфта шуд, ки идоракунии бренд ин раванди идоракунии тамғаи тиҷоратӣ бо мақсади афзоиши стратегии арзиши бренд буда, таҳти мафҳуми идоракунии бренд ҳайатеро фаҳмидан мумкин аст, ки масъули эҷоди аломатҳои инфиродии бренд ва таҳияи барномаҳои идоракунии зиддибуҳронии бренд дар ҳоли зарурат мебошад.
Дар охир, донишҷӯён ба баромадкунанда доир ба мавзӯъ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
М. Абдуллоева