Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Интернет ва маърифати истифодаи он

Интернет ва маърифати истифодаи он

Санаи 29 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар хобгоҳи №1-и донишкада маҳфили илмӣ таҳти унвони «Маърифати истифодабарии интернет» баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил муовини декан оид ба илм Умар Воҳидов иброз дошт, ки ташкил кардани чунин чорабинӣ донишҷӯёнро водор месозад, самтҳои алоҳидаи технологияҳои иттилоотӣ ва маърифати истифодабарии интернетро омӯзанд.
Сипас Сафаров Мирзомурод, донишҷӯи курси 3 аз таърихи пайдоиш ва маърифати истифодабарии дурусти интернет маъруза карда, таъкид намуд, ки мо донишҷӯёнро зарур аст ҳангоми истифодаи саҳифаи интернетӣ онро барои ривоҷ додани сатҳи дониш истифода барем.
Дар анҷоми чорабинӣ декани факултет Амрулло Нуралиев барои ташкили ин гуна чорабинии илмӣ ба донишҷӯёни гурӯҳи олимпии факултет миннатдории хешро баён карда, омӯзиши бештари илмҳои техникии замони муосирро ба онҳо талқин намуд.


Хисрав Муҳиддинов