Хабарҳо

Таҳлили амнияти озуқаворӣ
Рӯзи 12 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳлили амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хушсифат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар он Пиризода Ҷалил Сафар, академики Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Рустам Қудратов, д.и.и., профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар мавзӯи «Самтҳои асосии таъминоти амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хушсифат дар ҶТ», Абдувосит Мадаминов, д.и.и., профессори кафедраи менеҷмент ва соҳибкории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур дар мавзӯи «Рушди устувори соҳаи аграрӣ – асоси бехатарии озуқаворӣ» баромад карданд.
Гуфта шуд, ки роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ хеле зиёданд, аз ҷумла ин афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рӯ овардан ба самти ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, самараноку оқилона истифода бурдани замин, таъминоти техникии соҳа ва ғайраҳо. Аз нишондодҳои омории пешниҳодгардида маълум гардид, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 3,3% зиёд гардид. Баромадкунандагон доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ истода гузашта, баён намуданд, ки дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 700 ҳазор тонна гандум истеҳсол карда шудааст ва аз хориҷи кишвар бошад, 570 ҳазор тонна гандум ва 210 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст.
Феълан мо аҳолиро бо картошкаи ватанӣ, сабзавот ва полезиҳо пурра ва мевагиҳо дар ҳаҷми 80% таъмин карда метавонем ва имсол бори аввал картошка ба миқдори 477 тонна содирот карда шуд, баён дошт Пиризода Ҷ.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии тамоми аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб ёфта, барои расидан ба он иҷрои Барномаҳои давлатӣ ва роҳҳои дар боло номбаршуда заруранд, - чунин хулосабарорӣ намуданд иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ.
Машҳура Абдуллоева