Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти донишҷӯёни мо

Ғолибияти донишҷӯёни мо

Рӯзи 10-11 марти соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикиситон» баргузор гардид. Он аз рӯи 12 соҳаи илм, аз ҷумла математика, физика, химия, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ гузаронида шуд, ки дар он 33 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 300 нафар донишҷӯён қувваозмоӣ намуданд.
Аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар олимпиадаи мазкур 12 нафар иштирок намуда, якчанд нафари онҳо ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд. Аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёт донишҷӯи курси 4 факултети молия ва қарз Маллаева Манзура (роҳбар: Убайдов Ф. ва Холматова С.) ва дар соҳаи химия донишҷӯи курси 2, факултети молия ва қарз Ҳасанов Сафармурод (роҳбар: Маҳмадмуродов А.) ҷои сеюмро сазовор гардида, бо дипломҳои дараҷаи сеюми Олимпиада сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин якчанд нафар донишҷӯён барои иштироки фаъолона соҳиби Ифтихорномаҳо гардиданд, ба мисли донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Каримов Ашурбой, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз Солихӯҷаев Муҳаммадқобил, донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Воҳидов Алишер, донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Назарзода Аҳлиддин.
Институти иқтисодиёт ва демографияи АИҶТ ду нафар устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ: Убайдов Фахриддин ва Холматова Сурайёро барои роҳбарӣ ба донишҷӯ бо Ифтихорнома сазовор гардонид.
Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар АИ ҶТ соли сеюмаст, ки доир карда мешавад.


Қутбиддин Муқимов
сардори Раёсати илм ва инноватсия