Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷаҳои сафар самароваранд

Натиҷаҳои сафар самароваранд

Тавре маълум аст, дар асоси фармоиши ректори ДМИТ аз 16.02.2016 таҳти №15/Р аз 22 то 28 феврали соли равон бо мақсади таблиғу ташвиқоти довталабон ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ноҳияву минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2016-2017 устодони таҷрибадор сафари хизматӣ доштанд.
Аз ҷумла, Муқимов Қ.М., сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишкада ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Сангвор, Роғун, Файзобод, Ваҳдат, Рўдакӣ, Вазоб, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода сафарбар шуда буд.
Тавре мавсуф қайд намуд, зимни сафари хидматӣ дар ҳар як ноҳия сараввал бо сардорони раёсати молия ва маорифи маҳалҳо ҳамсуҳбат шуда, баъдан бевосита бо ҳамроҳии нозирони маориф ба макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияву литсейҳо омада, бо хатмкунандагон вохўриҳо анҷом дода шуд. Ба хатмкунандагон маводи таблиғотии муаррифкунандаи ДМИТ, аз ҷумла рӯзномаи «Молия ва иқтисод» низ тақсим карда шуд.
Ба ғайр аз ин, маводи тақсимотӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии довталабон низ тақсим карда шуд.
Дар вақти таблиғот муаллимону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ихтисосҳои амалкунанда, шакли таълим, сохтор, маблағи таҳсил, шароити зист ва умуман самти фаъолияти ДМИТ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.   
Ба гуфтаи Муқимов Қ.М., паз аз ҷамъбасти сафари хидматӣ тавассути телефон директори мактаби рақами 1, шаҳри Роғун Шоев М. иброз дошт, ки аз 250 нафар довталабони бақайдгирифташуда, 78 нафараш ДМИТ-ро интихоб намудааст, ки ин нишондоди хуб буда, ин гуна натиҷа аз ҳамаи ин ноҳияҳо ба назар мерасад.
Аз зангҳои телефонӣ ва алоқаи намояндагони ин маҳалҳо баръало мушоҳида мешавад, ки ДМИТ дар ин ҷойҳо муаррифии хуб шуда, ба ихтисосҳои он таваҷҷуҳи волидон ва хатмкунандагон зиёд аст.


Абдуллоева М.