Хабарҳо

Ҳафтаи маърифати молиявӣ
14 марти соли равон бо иқдоми Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Раёсати илм ва инноватсия ва Ташкилоти байналмилалии маблағгузории кўдакон ва ҷавонон (CYFI) дар доираи ҳафтаи «Глобалии молия» дар донишкада семинари амалии «Ҳафтаи маърифати молиявӣ» доир гардид.
Дар он Сайисмонов Р.С., мутахассиси масъули Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон доир ба масоили маърифати молиявӣ, муносибати субъектони иқтисодӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, гирифтани қарзҳои бонкҳо, тартиби ҳисоб намудани фоизҳо, мафҳумҳои хизматрасониҳои молиявӣ маълумот дод.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар тамоми дунё аз 14 то 20 марти соли ҷорӣ ҳафтаи байналмилалии молия барои кўдакон ва ҷавонон гузаронида мешавад, ки мақсади он васеъ намудани имконияти онҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Хисрав Муҳиддинов