Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Имкониятҳои рушди бозори суғурта

Имкониятҳои рушди бозори суғурта

Санаи 29 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи суғурта дар донишкада семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Имкониятҳои рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он Раҷабов Р., сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавии Хадамоти назорати давлатии суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаммоҳои бозори суғурта ва омилу сабабҳои таъсиркунанда аз нигоҳи ташкилию иқтисодӣ ибрози андеша намуд.

Сипас Шаропов Н., ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АУ ҶТ дар маърузаи худ таъмин намудани соҳаи мазкурро бо кадрҳои соҳибтаҷриба ва баланд бардоштани маънавиёти касбии онҳоро амри зарурӣ ҳисобид. Баромадкунанда иброз дошт, ки қаллобӣ ва фасодкорӣ яке аз омилҳои садди роҳи бевоситаи фаъолият дар ташкилотҳои суғуртавӣ мебошад. Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки имрӯзҳо дар тайёр намудани мутахассисон, омода кардани актуарияҳо (баҳодиҳандаи арзиши моли суғуртавӣ) хело зарур мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ Маъдиев С, н.и.и., дотсенти кафедра таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба натиҷаву дастовардҳои пажӯҳишии кафедра ва паҳлӯҳои методологии рушди бозори суғурта ҷалб намуда, тариқи нишондиҳандаҳои мушаххас ва ҷадвали таҳлилӣ ба вазъи бозори суғуртаи ватанӣ баҳо дод. Инчунин мақоми онҳоро дар робита бо дигар мамлакатҳо ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар арзёбӣ намуд, ки барои ҳозирин хело ҷолиб буд.


Хисрав Муҳиддинов