Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон меафзояд

Сармоягузорӣ ба Тоҷикистон меафзояд

7 марти соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши қарзҳои бонкӣ дар сохтмони асосӣ ва эҳтимолияти ба вуҷуд омадани хатарҳо” гузаронида шуд.

Профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Нусрат Ашуров маъруза намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти рушди низоми бонкӣ ҳамкориро бо Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар Пекин оғоз намудаст. Дар узвияти ин бонк 57 мамлакати дунё шомил буда, донорҳои асосии ин бонк: Чин – 30%, Ҳиндустон-8,5%, Россия-6,6%, Олмон-4,5%, Кореяи Ҷанубӣ 5,8% ва 52 мамлакати дигар-46,6% ба ҳисоб мераванд. Инчунин дар шӯрои раёсати ин бонк қарор қабул карда шудааст, ки дар давоми соли 2016 ба Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард.

Коршиноси қарзии дараҷаи якуми ҶСК “Бонки Эсхата” Ғ. Усмонов дар мавзӯи “Нақши қарзҳои бонкӣ дар некӯаҳволии мардуми кишвар” маъруза намуд. Инчунин оид ба хизматрасониҳои муосири ҶСК “Бонки Эсхата” маълумоти муфид пешниҳод гардид.

Дар фарҷом, мубоҳиса сурат гирифта, иштирокчиён ба маърузачиён савол доданд.


Насрулло Тӯйчизода