Хабарҳо

Асри 21 асри экологист
Дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи кафедраи фанҳои табиатшиносӣ 15 март семинари илмӣ дар мавзӯи «Тарбия ва маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Ассистенти кафедраи мазкур Ҷамила Мансурова дар робита ба ин мавзӯъ маъруза намуда, зикр сохт, ки баъди солҳои 60-уми асри гузашта инсоният бо проблемаҳои бузурги глобалии ҷаҳонӣ, аз ҷумла буҳрони экологӣ дучор шуд. Сабабҳои буҳрони экологӣ пешрафти илму техника, зиёдшавии шумораи аҳолӣ, истифодаи барзиёди сарватҳои табиӣ, суст будани маърифати экологии шаҳрвандон ба ҳисоб мерафт.
Барои барқарор намудани мувозинати экологӣ дар табиат ва барои ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зиёд андешида шуд. Аз ҷумла, барои то андозае ҳал намудани ин проблемаҳо шабакаи омӯзишии ЮНЕСКО таъсис дода шудааст. Асри 20 садсолаи иқтисодӣ эълон шуда бошад, асри 21 асри экологӣ эълон гаштааст.
Инчунин муаллимаи кафедра Вазира Орифҷонова дар ин мавзӯъ бо забони русӣ маъруза намуд.
Пас аз анҷоми баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он устодони кафедра А. Қаландаров, Б. Раҳимов, А. Маҳмадмуродов дар мубоҳисаҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Насрулло Тӯйчизода