Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд

Мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд

Бахшида ба ҷашни Наврӯз ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касаба байни кормандони донишкада мусобиқаи шоҳмот ва миёни донишҷӯён мусобиқаи намуди бозии волейбол аз рӯзи 14 март оғоз гардид.
Тавре, ки мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус А. Ҷиҳонов зикр намуд, мусобиқа давоми 4 рӯз доир гашта, он аз 9 давр иборат хоҳад буд. Дар рӯзи аввали шоҳмот 10 нафар кормандони донишкада байни худ сабқат намуданд.
Ғолибони бозиҳои шоҳмот ва волейбол дар ҷашни Наврӯз аз тарафи раёсати донишкада муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.


Насрулло Тӯйчизода