Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таваррум ва роҳҳои пешгирии он

Таваррум ва роҳҳои пешгирии он

Санаи 16 марти соли ҷорӣ бо иқдоми кафедраи фаъолияти бонкӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Таваррум ва роҳҳои пешгирии он дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ профессори кафедра Нусратулло Ашуров оғоз намуд.
Сипас донишҷӯи курси 3 Саидов А. дар мавзӯи мавриди назар маъруза намуда гуфт, ки пайдоиши таваррум дар иқтисодиёт сабабҳои гуногун дошта, он аз устувории иқтисодиёти ҳар як давлат ва то чӣ андоза вобаста будани иқтисодиёти он ба давлатҳои хориҷа вобаста мебошад. Таваррумро дар тамоми самтҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ҳамчун як падидаи номатлуб мешиносанд, зеро он метавонад сарчашмаи фалаҷ гардидани тамоми соҳаҳои иқтисодӣ гардад.
Сабабҳои асосии пайдоиши таваррум дар замони ҳозира номутаносибии байни унсурҳои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, пасандоз, истеъмолот, тақозо, арза, даромад, хароҷоти буҷет, миқдори пули дар муомилотбуда, талаботи аҳолӣ ба пул ва ѓайраро дар бар мегирад, иброз намуд номбурда.
Ҳамзамон Ҳакимов Алишер, донишҷӯи курси 3 дар мавзӯи «Сиёсати асъорӣ дар дар сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, қайд намуд, ки бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, 31 декабри соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 6.9902 сомониро ташкил дода буд. Ахири моҳи январи соли равон бошад, қурби он то 7.8424 сомонӣ (барои 1 $) боло рафт.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи таҳлили маълумоти мақомоти миллии омор, ки аз ҷониби БелаПАН гузаронида шудааст, миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи болоравии қурби расмии доллари ИМА дар моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистон зинаи якумро ишғол кардааст. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта аз рӯи қурби расмӣ сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 31,7% беқурб шуд, қайд намуд номбурда.
Дар анҷоми маҳфил миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.


Хисрав Муҳиддинов