Хабарҳо

Муаррифии номзадон
Тавре маълум аст, бо сабаби бозхонд шудани вакили мардумии ҳавзаи интихоботии №1 Фирдавсӣ рӯзи 10 апрели соли равон дар ин ҳавзаи интихоботӣ интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад. Бинобар ин рӯзи 16 марти соли равон дар толори маҷлисии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии номзадон ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №1 Фирдавсӣ бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар он чаҳор нафар номзад аз ҳизбҳои сиёсии мамлакат – Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Раҷабова Мавлуда аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Маҷидова Сарвиноз аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Саидиён Ҳикматуллоҳ Қувватзода аз Ҳизби демократии Тоҷикистон аз тарафи шахсони боэътимодашон муаррифӣ карда шуданд.
Ҳамчунин ҳар як нафар номзад ба вакилӣ ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихобии худро шинос намуда, ба саволҳои сершумори ҳозирин ҷавоб доданд.
М. Абдуллоева