Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Наврӯзи ДМИТ

Наврӯзи ДМИТ

Рӯзи 19 март дар донишкада иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон ва кормандони донишкада ва як қатор меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии идона Шавкат Соҳибов, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозилшо Маҳмудиён, муовини раиси ноҳияи Сино, Наҳтулло Назаров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Ёқуб Гадоев ҷонишини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва дигар намояндагон аз ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. 
Дар базми наврӯзӣ устодону донишҷӯёни шаш факултет ва шуъбаи магистратура бо ороиши дастархони наврӯзии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Бояд зикр кард, ки дар байни факултетҳо барои ороиши беҳтарини дастархони наврӯзӣ, либосҳои миллӣ, намоиш ва эҳёи суннатҳои наврӯзӣ озмун эълон гардида буд ва намояндагони ҳар як факултет бо пешниҳоди анъанаҳои неки ин иди ориёӣ аз якдигар монданӣ надоштанд. Ҳайати ҳакамон намоиши наврӯзии факултетҳоро аз ҷиҳати мазмун, мундариҷа, муаррифӣ ва иштироки донишҷӯёни он баҳогузорӣ карда, ҷои аввалро ба факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ҷои дувумро ба шуъбаи магистратура ва ҷои севумро ба факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ муносиб донистанд.
Navruz400.jpgБаъдан базми наврӯзӣ дар варзишгоҳи донишкада идома ёфт. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз бо фарорасии худ кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Наврӯз бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар қалби ҳар яки мо меангезад. Наврӯз ҷашни оғози эҳёст ва бошад, ки Наврӯзи имсола ҳам оғози эҳёи андешаи миллӣ гардад. Иттиҳоду ваҳдати моро мустаҳкам созад, дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон бахшад, таманно намуд, дар охир ректор.
Сипас Наҳтулло Назаров ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бо шукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфта, баҳрашон комёбию пирӯзӣ таманно намуданд ва ба як қатор кормандон Ифтихорнома ва мукофотҳо супориданд. Ҳамин тариқ, ба Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар барои хизматҳои шоиста дар густариши фарҳанги миллӣ нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамчунин Фахриддин Убайдов, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, Фаррух Иноятов, сармутахассиси раёсати таълим, Хуршед Давлатов, декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, Бахтиёр Саидов, мудири кафедраи математикаи олӣ, Меҳтар Содиқов, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ ва Наврӯз Умаров, муовини декани факултети ҳисобдорӣ ва омор бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ қадрдонӣ карда шуданд.
Navruz4001.jpgҲамзамон мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба иди Наврӯз низ ҷамъбаст гардиданд. Ғолибони мусобиқаи варзишии волейбол муайян гардида, ҷои аввал насиби варзишгарони факултети молия ва қарз, ҷои дувум сазовори донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва ҷои севум насиби донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисоди молиявӣ гардид. Аз рӯи мусобиқаи намуди шоҳмот, ки байни кормандону устодон сурат гирифта буд, шоҳмотбози беҳтарин дотсенти кафедраи математикаи олӣ – Розӣ Маханов дониста шуда, ғолибон бо Ҷом мукофотонида шуданд. 
Дар қисмати бадеӣ арӯси сол ба саҳна омада, ҳамагонро табрик гуфт ва бобои деҳқон ба замин донаи умеду баракат кишт ва аз шавқи баҳору Наврӯз дили ҷавонон ба шӯр омада, бо ҳам байтбарак намуданд.
Сурудҳои дилнавози лирикӣ, ҳаҷвӣ ва бадеҳахонии истеъдодҳои ҷавон, рақсҳои мавзуни Хайринисо Астанақулова, Маҳлиё Бобохоҷаева, Зебо Назриева, фалаксароии устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Муродалӣ Маҳимов ва найнавозии Иброҳим Эшов ба базми наврӯзӣ шаҳомати дигар ва ба дилҳо фараҳу шодӣ овард. Ин ҷо баромади ҳаҷвнигоронро махсусан қайд намудан бамаврид аст, ки саҳначаҳои ҳаҷвии аз ҳаёти ҷавонон омодашударо бо маҳорати хоси актёрӣ иҷро намуда, дили бинандагонро ба ваҷд оварданд.
Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишкада баёнгари худшиносӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангпарварии иштирокчиёни он буд.


Машҳура Абдуллоева