Хабарҳо

Саводнокии молиявии донишҷӯён тақвият меёбад
Санаи 17 марти соли равон бо ибтикори Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва Раёсати илм ва инноватсияи ДМИТ якҷоя бо Ташкилоти хурди қарзии “Ҳумо” дар доираи ҳафтаи байналмилалии саводнокии молиявӣ тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” барои донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Тренингро сардори шуъбаи маркетинги Ташкилоти хурди қарзии “Ҳумо” Плиева Ирина, сардори лоиҳаи маблағгузории хурд ва воситаҳои молиявии барномаи GIZ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Себастян Фариняж ва Умарова Зумрад нозири воситаҳои молиявии барномаи GIZ гузарониданд.
Дар тренинг донишҷӯёни ихтисосҳои молия, кори бонкӣ, менеҷменти молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар рафти тренинг баромадкунандагон ба донишҷӯён оид ба самаранок истифодабарии воситаҳои пулӣ ва дуруст идора намудани онҳо маълумоти мушаххас доданд. Дар тренинги омӯзишӣ бештар масоили гирифтан ва самаранок истифодабарии воситаҳои қарзӣ, ҳисоби дурусти фоизи қарзӣ, дуруст истифодабарии воситаҳои пулӣ, тартиб додани буҷети оилавӣ ва шахсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба молия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хулоса, тренинги омӯзишӣ дар сатҳи баланди илмӣ гузашта, донишҷӯён аз он таассуроти амиқе бардоштанд.
Евгения Мирзоева
устоди кафедраи менеҷменти молиявӣ