Хабарҳо

Мулоқот дар самти пешгирии амалҳои номатлуб
30 март дар донишкада бо намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ мулоқот дар самти пешгирии амалҳои номатлуби иҷтимоӣ доир гардид. Онро ректори донишкада А. Солеҳзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назаров, корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Давлатзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиё Раҳмон, корманди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Аҳмедов, корманди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ғаффорзода ва мутахассиси пешбари бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоева иштирок намуданд.
Зимни баромадаш Ҳ. Амирбекзода аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз дастовардҳои бузурги истиқлолият нерӯ гирифта, баҳри пешрафти кишвар талош варзанд ва муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бошанд. Зеро сулҳу салоҳ ва тинҷию амонии кишвар беҳтарин неъмат ва имконият барои кулли сокинони кишвар, ҷумла ҷавонон аст.
Намояндаи ВКД ҶТ Д. Назаров дар баромади худ изҳор дошт, ки солҳои охир масъалаи ба ҷинояткорию қонуншиканӣ даст задани ҷавонон ташвишовар буда, мутаассифона, нишондиҳандаҳои омор сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Ба гуфтаи номбурда, дар соли 2015 5840 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир шудааст, ки ин нисбат ба соли 2014 қариб 10% зиёд аст. Ҳамзамон аз ҷиноятҳое, ки аз тарафи духтарон ва донишҷӯён содир мешавад, изҳори нигаронӣ кард.
Сипас донишҷӯёни фаъоли донишкада ба суҳбати озод ҳамроҳ шуда, фикру ақидаи худро баён намуданд ва дар баробари ин ба меҳмонон саволҳо доданд. Пас аз гирифтани ҷавобҳои саҳеҳу мукаммал чорабинӣ ба анҷом расид.
Насрулло Тӯйчизода