Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши математика дар иқтисодиёт

Нақши математика дар иқтисодиёт

Рӯзи 31 марти соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва Раёсати илм ва инноватсия конференсияи илмӣ-методии донишкадавӣ дар мавзӯи «Нақши математика дар иқтисодиёт» доир гардид.
Онро сардори Раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов кушода, қайд намуд, ки моҳияти асосии математика ҳангоми татбиқи амалии он бештар ба назар мерасад. Математика дар илмҳои дигар, ба монанди физика, механика, кимиё, тиб, иқтисодиёт ва ғайра татбиқ карда мешавад ва ҳадафи баргузории конференсияи мазкур баррасӣ намудани татбиқи математика дар иқтисодиёт аст.
Баъдан Ҳомид Маҷидов, д.и.ф.м., профессори кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ дар мавзӯи «Фанҳои табиатшиносӣ ва робитаи онҳо бо иқтисодиёт», Нурулло Усмонов, д.и.ф.м., профессори кафедраи математикаи олии ДМИТ дар мавзӯи «Татбиқи математика дар баъзе масъалаҳои микроиқтисодӣ», Бобоалӣ Шарипов, н.и.ф.м., дотсенти кафедраи математика дар иқтисодиёти ДСХТ дар мавзӯи «Приложение системы уравнение в полных дифференциалах к решении некоторых задач экономики» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Гуфта шуд, ки математика дар натиҷаи эҳтиёҷоти рӯзафзуни инсоният ба вуҷуд омада, тараққӣ кардааст ва бо иқтисодиёт робитаи зич дорад. Бо истифодаи формулаҳои математикӣ ба натиҷаҳои иқтисодӣ расидан осон аст,- гуфта шуд дар баромадҳо ва бо овардани мисолҳои мушаххас татбиқи интеграли муайян барои ҳисоб намудани фоидаи иловагии харидор, татбиқи интеграли муайян дар масъалаи ёфтани капитал аз рӯи сармоягузории тоза ва татбиқи интеграли муайян дар масъалаҳои молия исбот карда шуд.
Ҳамчунин маърузачиён ба толибилмон донистани фанни математикаро зарур ва ҳатмӣ арзёбӣ карданд, зеро омӯзиши иқтисодиёт бе риёзиёт ғайриимкон буда, он заминаи донишҳои инсониро ташкил медиҳад.
Дар музокираҳо Сафаралӣ Қурбоншоев, д.и.ф.м., профессори ДСРТ, Маҳмадӣ Садриддинов, н.и.ф.м., мудири кафедраи математикаи олии ДТТ ба номи М.Осимӣ, Рашид Раҳимов, профессори кафедраи математикаи олӣ, Бахтиёр Саидов, мудири кафедраи математикаи олӣ, Абубакр Кабиров, устоди кафедраи мазкур ва Сайидалӣ Ҳаитов, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ баромад карда, нақши математикаро дар рушди иқтисодиёт муҳим маънидод карданд.
Кори конфронс дар бахшҳои математикаи олӣ, назарияи эҳтимолият ва омори риёзӣ ва бахши эконометрика ва таҳлили иқтисодӣ идома ёфта, масъалаҳои истифодаи методҳои гуногуни математикӣ дар таҳлили иқтисодӣ, усулҳои моделсозии эконометрикӣ дар иқтисодиёт ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Ҳамин тавр, конференсияи мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ гузашт, зеро ба иштирокчиён маводи конфронс, ки қаблан чоп шуда буд, тақсим карда шуд ва аз натиҷаҳои он хулосаҳои илман асоснок ба мақомоти дахлдор ирсол хоҳад шуд.


Машҳура Абдуллоева