Хабарҳо

Технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
30.03.2016. Имрӯз дар донишкада бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи информатика семинари донишкадавӣ дар мавзӯи «Технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» доир гардид.
Онро ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров ифтитоҳ карда, нақши технологияҳои иттилоотиро барои пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим ҳисобид. Ҳоло замоне расидааст, ки як шахс метавонад тавассути технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ вазифаи чанд нафарро иҷро намояд, гуфт номбурда.
Сипас профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ Фахриддин Мирзоахмедов дар мавзӯи «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» маъруза карда, иброз дошт, ки технологияҳои иттилоотӣ аз замони пайдоиш, яъне аз давраи технологияҳои дастӣ (китоб, қалам, олоти дастраси почта) то давраи технологияҳои шабакавӣ (ҳукумати электронӣ, ҷойҳои кории худкор, ҷустуҷӯи маълумот, кор дар интернет, тиҷорати электронӣ, пули электронӣ) шаш марҳиларо паси сар кардааст. Бинобар ин технологияи иттилоотӣ яке аз қисми ҷудонашандаи рӯзгор дар ҳаёти имрӯза маҳсуб меёбад, қайд намуд профессор.
Ҳамзамон сардори раёсати технологияҳои иттилоотии Агентии суғуртаи иҷтимоии нафақаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насков Д. дар мавзӯи «Технологияҳои иттилоотӣ дар системаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ» баромад намуда, гуфт, ки айни замон дар низоми нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои компютерӣ татбиқ гардидаанд, ки барои автоматикунонии низоми бақайдгирии нафақаи шаҳрвандон самаранок истифода мегарданд. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар низоми нафақа кори кормандони АСИН-ро хеле осон ва самаранок намудааст. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ба кормандони ин ниҳод имконият дод, ки номгӯи шумораи зиёди ҳуҷҷатҳоро, ки аз нафақагирандагон талаб карда мешуд, коҳиш дода шавад.
Ҳамин тавр, дар семинар нақши технологияҳои иттилоотӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо овардани мисолҳои мушаххас мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Хисрав Муҳиддинов