Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аълочӣ будан мояи ифтихор аст

Аълочӣ будан мояи ифтихор аст

Дар ҷаласаи раёсати ДМИТ, ки рўзи 29. 03. 2016с. сурат гирифт, ректори донишкада Солеҳзода А.А. устодону кормандони бо нишону ифтихорнома қадршударо табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно кард.
Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ чанд нафар устодону масъулини сохторҳои донишкада барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор шудаанд, аз ҷумла Фасихов Исломиддин - сардори раёсати таълим, Холбобоев Раҷабалӣ - сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, Попов Николай - декани факултети муносибатҳои иқтисоди беруна, Нуралиев Амрулло - декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Ҷумабоев Хуршед - мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, Буриева Мастура - мудири кафедраи омор, Убайдов Фахриддин - мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, Убайдуллоев Фаридулло - директори парки инноватсионӣ-технологӣ ва Ҳомидова Қутбия дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ.
Ҳамчунин бо фармоиши ректори донишкада №54/Ш аз 19.03.2016 барои дастовардҳои бенуқсон дар фаъолияти корӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои умумидонишкадавӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ Калаков Ҷамшед, сардори шуъбаи амният ва бехатарӣ, Уроқов Шералӣ, режиссёр ва ба саҳнагузорандаи бахши фарҳанг ва осорхона, Акабаров Абдусалом, навозандаи бахши фарҳанг ва осорхона бо Ифтихорномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик кормандони матбааи донишкада Убайдуллоев Фаридулло ва Раҳматов Фурқат бо Ифтихорномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мукофотонида шуданд.  
Мо низ ин қадрдониро шоистаи таҳсин гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъда  бурдбориҳо орзу менамоем.


Саъдулло  Носиров